Гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ба Душанбе меояд

Апрель 26, 2016 14:37

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрели соли равон вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги миллии Туркия бо роҳбарии раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ташриф оварданд.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон  Фаррух Шарипов  ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан гуфта, вазъи  иқтисодию иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ, фарҳангӣ ва илмии  Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Алӣ Ҷавҳарӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар рушди ҳамкории дуҷониба мусоидати гурӯҳии дӯстиро баён кард.
Меҳмет Алӣ Ҷавҳарӣ иттилоъ дод, ки дар моҳҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ҷиҳати шиносоӣ бо лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунанд.

Апрель 26, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд