Ифтитоҳи ду хатсайри нав аз Душанбе ба Кобул ва Лоҳур
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи ду хатсайри навро дар самти Душанбе-Кобул (Афғонистон) ва Душанбе-Лоҳур (Покистон) эълон мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба — рўзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба ин самт 29 апрел ба роҳ монда мешавад.
Парвозҳо ба Лоҳур ҳафтае ду маротиба- рўзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ хоҳанд гашт. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар самти Душанбе-Теҳрон-Душанбе парвозҳоро ба роҳ монад.
Тамоми парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати «Боинг 737» амалӣ хоҳанд гашт.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии ширкат иттилоъ доданд, «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад.








«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад






