Кӯмаки ДДХ ба мактаб- интернати Мурғоб
Хоруғ, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ чанд сол боз тарбиягирандагони мактаб-интернати деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғобро ба сарпарастӣ гирифта, пайваста аз ҳолашон хабар мегиранд. Роҳбарияти ДДХ дар баробари расондани кӯмаки моддӣ ҳамчунин дар таҳияи барномаҳои дарсӣ, баргузории барномаҳои беруназсинфӣ ба тарбиятгирандагон маслиҳату тавсия медиҳанд.
Муовини ректори ин донишгоҳ Мамадризо Алимшоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ба хонандагон ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ расонида шуд.
«Дар ин ноҳияи баландкӯҳ дарахту растанӣ кам мерӯяд ва мо кӯшиш мекунем, ки сабзавоту меваҷотро барои хонандагон бештар дастрас намоем»,-гуфт М. Алимшоев.