КОМ: Ихтилоф оид ба таваққуфи ширкат дар музокироти Сурия вуҷуд надошт

Апрель 19, 2016 14:40

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар дохили Кумитаи олӣ оид ба музокирот (КОМ)-и мухолифини Сурия дар мавриди тасмими таваққуфи ширкат дар гуфтушунидҳои Женева ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надошт, — изҳор дошт намояндаи КОМ Монзер Махус ба РИА «Новости».
«Не. Тасмимҳои мо моҳиятан комилан дурустанд. Ман намегӯям, ки 100 дарсад, вале аксарият комилан ризоянд. Хеҷ ихтилофе миёни нафароне, ки мухолифони шаҳрвандӣ ва низомиро намояндагӣ мекунанд, вуҷуд надорад»,- гуфт ӯ.
«Албатта, нафароне, ки дар замин меҷанганд, серталабанд. Вале мо то ҳанӯз дар ҳамон як саф қарор дорем», — зикр кард намояндаи КОМ.
КОМ рӯзи душанбе эълон дошт, ки бинобар сабаби аз ҷониби дигар иштирокдорон иҷро нагардидани низомномаи қатъномаи СММ ва баёнияи Женева музокирот ба таваққуф гузошта мешавад, вале таъкид кард, ки аз гуфтушунидҳо тамоман хориҷ намешаванд.

Апрель 19, 2016 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид