Кор бо муроҷиатҳо аз тариқи «телефони боварӣ» тақвият меёбад

Апрель 13, 2016 16:20

Душанбе, 13.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Муроҷиати шаҳрвандон аз тариқи «телефони боварӣ» меафзояд. Аз тариқи «телефони боварӣ» дар семоҳаи аввали соли 2016 ҷамъ 516 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин ба вазири корҳои дохилӣ 268 нафар, ба «телефони боварӣ»-и сардори РВКД дар вилояти Суғд 154 нафар, сардори РВКД дар вилояти Хатлон 62 нафар, ба сардори РВКД дар ВМКБ 18 нафар, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе 9 нафар ва сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт 5 нафар муроҷиат намудаанд.
Дар ин муддат аз муроҷиатҳо ба «телефонҳои боварӣ» ҷамъ 150 хабар тасдиқ шудааст.
Омӯзиш нишон дод, ки аз муроҷиатҳои ба «телефони боварӣ» пешниҳодшуда ҷамъ дар 250 ҳолат хабарҳо тасдиқ нагардидаанд ва аз рӯи 116 хабар санҷишҳо идома доранд.
Омӯзиш муайян намуд, ки аслан шаҳрвандон ба вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба содиршавии ҷиноятҳо муроҷиат намудаанд.
Аз ин ҷиноятҳо оид ба одамкушӣ 1 хабар, таҷовуз ба номус 10 хабар, дуздӣ 53 хабар, латукӯб 73 хабар, барнагардонидани пули қарз 58 хабар, ситонидани ришва 7 хабар, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 1 хабар, қаллобӣ 2 ва дигар намуди ҷиноятҳо 13 хабарро ташкил медиҳанд.

Апрель 13, 2016 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид