Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ-2016 оғоз шуд

Апрель 19, 2016 14:33

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе 18-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ-2016 баргузор гардид.
Ба иттилои муовини директори ширкати муштараки байналмиллалии Тоҷикистон-Малайзия «ТМ-International» Саидҷон Абдуллоев, дар намоишгоҳи мазкур аз 6 давлат намояндагон донишгоҳҳои худро муаррифӣ мекунанд ва омодаанд ба довталабоне, ки дар ин донишгоҳҳо хоҳиши таҳсил карданро доранд, маълумоти лозимӣ пешниҳод кунанд.
Ҳадаф аз роҳандозии намоишгоҳ густариш додани ҳамкорӣ байни кишварҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои мубодилаи иттилоот миёни донишгоҳҳо ва ҳамчунин ба толибилмону донишҷӯён фароҳам овардани имконият барои гирифтани маълумоти нав оид ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ мебошад.
18-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ-2016 дар Душанбе 2 рӯз идома ёфта, 21 апред дар шаҳри Қурғонтеппа ва 23 апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Апрель 19, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад