Оташ гирифтани мошин
Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрели соли равон тахминан соати 21:00 дар роҳи мошингарди “Норак-Ёвон” дар мошини тамғаи «Range Rover», ки ба сокини 40-солаи ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷа мошини мазкур пурра сӯхта нобуд шудааст. Ҳеҷ кас осеби ҷисмонӣ набардоштааст. Зарари расонидашуда 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ будааст.