Рӯзи осорхонаҳо дар Конибодом

Апрель 5, 2016 16:22

Конибодом, 5.04.2016 /АМИТ Ховар/. Дар доираи рӯзи Осорхонаҳо дар шаҳри Конибодом силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбарияти Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар ҷавонони шаҳр ширкат намуданд.
Тавре аз шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳо, зарфҳои гуногуни маҳфузмонда ва либосҳои миллиро, ки аз таърихи ғании ниёгон дарак медиҳанд, тамошо намуданд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ азм доранд, ки насли наврасро барои бештар аз таъриху ниёгони худ огаҳ шудан бо баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба тамошои осорхонаҳо ва ҷойҳои таърихии шаҳр ҷалб намоянд.

Апрель 5, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»