Рўнамоии «Фидоиён» дар Гулдара
Гулистон, 13.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. «Фидоиён» -таҳти ин унвон дар муассисаи таълимии №4-и деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба китобу китобдорӣ доир гардид. Иштирокдорони чорабинӣ адибону олимон ва рӯзноманигорони соҳили “Баҳри тоҷик” , омӯзгорону толибилмони мактабҳои мазкур дар васфи китоб ва илму дониш баромадҳои ҷолиб намуда, баён доштанд, ки китоб дар ҳар давру замон махзани илму дониш, сарчашмаи завқу хирад ва фурўғи субҳи доноӣ мебошад.
Тавре Рустами Одизода, сармуҳаррири рӯзномаи “Соҳил” ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар чорабинӣ рўнамоии китоби панҷуми соҳибқалами ҷавон, узви доираи маҳфили адабии «Илҳом»-и шаҳри Гулистон Муҳаммад Гулбой бо номи «Фидоиён» доир гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори доираи адабии «Илҳом» ва созмони ибтидоии шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барпо гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






