«СASA-1000» чӣ манфиат дорад?
Лоиҳаи «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои бузургтарини муштараки Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда, барои кишварҳои ширкатдор як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард. Ин лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард.
«СASA-1000» якумин лоиҳаи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст месозад.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистон ин имконияти воқеӣ бобати содироти неруи барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва дастрас намудани даромади воқеӣ аз чунин содирот мебошад.
Барои Покистон ва Афғонистон бошад, ин қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёташон бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.
Вобаста ба маҷрои дарёи Вахш истеҳсоли неруи барқ аз 3 то 8 млрд кВ/соат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «СASA-1000» Тоҷикистон тақрибан 3 млрд кВ/с неруи барқро метавонад ба дигар кишварҳо содир намояд.
Тибқи нақшаи пешакӣ соли 2018 таҳвили неруи барқ тавассути ин тарҳ оғоз меёбад.















Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






