Се холи аввалини гулдухтарони тоҷик

Апрель 28, 2016 09:37

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мусобиқаи минтақавии Чемпионати Осиё байни духтарони то 14-солаи минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар мамлакат идома дорад, дар даври дуввум  дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Бутанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард.
Ду голи тими  мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста Нилуфар Абдулҳаева ба ҳадаф расонд. Гулшан Сафарова ва Матлубаи Даминзода бо як голӣ дар ин ғалаба саҳм гузоштанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Эрон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Ҳамин тавр, баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» тими мунтахаби Эрон бо 6 имтиёз пешсаф буда, дастаҳои Тоҷикистону Бутан сеимтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби Қирғизистон то ҳол ягон хол ба даст наовардааст.
Дар даври дувум дар гурӯҳи “В”тими мунтахаби Ҳиндустон дастаи Непалро бо ҳисоби калони  9:0 шикаст дод. Дар ин гурӯҳ  Бангладеш ва Ҳиндустон сеимтиёзӣ гирифтаанд.

Апрель 28, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад