“Шоми шанбе”, “Иттиҳоди ориёиҳо: мустаҳкаму абадист”, “Номаш ширин, дардаш талх”– шарҳи матбуот
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. – Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз 1-уми апрели соли равон таҳти рақами 63 (22 885) мақолаи “Маъвои ганҷ”-ро оид ба интишор шудани китоби Шариф Комилзода бо номи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” чоп кардааст. Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин мақолаҳои “Мақсад — танзими масоили муҳоҷират”, “Чаро дар деҳот биноҳои баландошёна насозем?”, “Паём дар тиби тоҷик саҳифаи нав кушод” дарҷ гардида, мулоҳизаҳои номзади илми филологӣ Сайрам Бақозода “Суннати мондагору ваҳдатгаро” пешкаши хонандагон шудааст.
“Мардуми дунё бояд аз шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашонро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентҳо муяссар мешавад, ки бузургтарин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад” – бо ин суханони Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғаним шумораи навбатии нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз 2-юми апрели соли равон чоп шудааст. Дар шумораи мазкури нашрия аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер гузориш дарҷ гардида, мақолаи академик К.Олимов “Хонаи ҳар тоҷикистонӣ муҳаббатгоҳи ӯст”, ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст ва ҳамчунин саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе” ба хонандагон пешниҳод гардидааст. Дар шумораи рӯзи сешанбеи “Ҷумҳурият” мақолаҳои “Мақсад – кафолати ҳимояи ҳуқуқи дастгиршудагон”, “Лашх.Табибон намерасанд”, “Пули миллӣ.Эҳтироми он эҳтироми миллат аст!”, “Парвариши ниҳол, чаро аз усули нав кор нагирем?, “Ҷазо барои пора ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ” инчунин дигар хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзиширо чоп кардааст. Дар шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (6-уми апрели соли 2016 №66) матни Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дарҷ гардида, мақолаҳои “Забони модарии моро киҳо олуда месозанд?”, “Қубодиён.Ҳақиқати таърихӣ барқарор шуд”, хабарҳо дар хусуси баргузор гардидани Ҷашнвораи байналмилалии лӯхтак дар Душанбе, эълони “Рӯзи варзиш” дар Хатлон, гуруснагии 1,5 миллион нафар дар шарқи Украина ва дигар иттилоот нашр шудааст. Мақолаи С.Ятимов “Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ” ва посухи раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Розиқзода “Дисертатсияҳо ба забони тоҷикӣ дифоъ шаванд, аммо…”, ки ҷавобан ба мақолаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломов навишта шудааст, дар шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” чоп шудаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2-юми апрели соли равон аз ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи “Қабули санадҳои ҳуқуқӣ ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ тақвият мебахшанд” гузориши муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрияи парлумонӣ мусоҳибаи ихтисосӣ бо Маликшо Неъматов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти сарлавҳаи “Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Олмон мавқеи муносиб дорад” дарҷ шудааст. Дар шумораи рӯзи сешанбеи “Садои мардум” (№45, 05.04.2016) хабари расмӣ оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва гузориши муфассал аз ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ “Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” бо сарлавҳаи “Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ амри зарурист, аммо низоми қарзи бонкӣ таҷдиди назар мехоҳад” нашр шудаанд. Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (№46, 07.06.2016) хабару мақолаҳои “Ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид шуд”, “7 май парвоз ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Лоҳур оғоз меёбад”, “Аз Чилдухтарон то Чилучорчашма” дарҷ шудаанд.
Нашрияи русзабони “Народная газета” фаъолияти ҳаррӯзаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар давоми як ҳафтаи охир инъикос намуда, оид ба ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон бо сарлавҳаи “Иттиҳоди ориёиҳо: мустаҳкаму абадист” мақолаи муфассал чоп намудааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон пешкаши хонандагон шудаанд.
Нашрияи ӯзбекзабони «Халқ овози» аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер хабари расмӣ чоп карда, мақолаҳои “Маҳмадсаид Убайдуллоев хизматрасонии нақлиётро дар пойтахт ба танзим медарорад?”, “Дар миёни обу оташ”, “Бемории сил табобатшаванда аст”, “Қонун воситаи тарсонидан аст магар ё худ девори адолат?”, “Номаш ширин, вале дардаш талх”-ро (оид ба бемории қанд) пешкаши хонандагони худ кардааст.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Омӯзгор” аз ҷараёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо сарлавҳаи “Озмун: интихоб ва пешниҳодҳои хуб” гузориш чоп кардааст. Мақолаи “Маҳфилҳо ва созмонҳои талабагӣ чӣ ҳол доранд?” фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва мушкилоти онҳоро инъикос намудааст. “Ба дониш сухан гавҳароин шавад” – навиштаи Шодӣ Раҷабзод аз муҳтавои номаҳои устодону омӯзгорони шаҳру навоҳии мамлакат ба идораи ҳафтаномаи “Омӯзгор” нақл мекунад.
“Тоҷикистон” мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур ва Одили Нозирро бо узви ҳайати мушовараи ҳафтанома Масъуди Сипанд таҳти сарлавҳаи “Аз ринди авбош то авбошӣ дар фурудгоҳ” нашр кардааст.
Нашрияи СССР мақолаи танқидии М.Аминзодаро бо номи “Саховат: раис рафту проблема неъ!!!” чоп кардааст, ки аз вазъи ногувори бозори пойтахт “Саховат” нақл мекунад. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи “Аз ҳикмати оши табақ, то хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим” пешкаши хонандагон шудааст.
Нашрияи таърихӣ-тадқиқотии “Самак” ҳафтаи гузашта бо саволи “Сталин дар зиндагии мардуми тоҷик чӣ нақш дошт?” назарпурсӣ анҷом дода, андешаҳои таърихнигоронро дар ҷавоби ин савол нашр кардааст. Мақолаи дигари ҳафтанома “Ҳамоиши амнияти ҳастаии Вашингтон бидуни Русия” дар мавзӯи муносибатҳои Русия бо абарқудратони ҷаҳонӣ навишта шудааст.
Нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” бо сарлавҳаи “Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон вусъат меёбанд” аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Федеролиии Олмон Франк Валтер Штайнмайер гузориш нашр кардааст. Мақолаи А.Шамолов “Таъсири геополитика ба Осиёи Ҷанубӣ ва паёмадҳои он” ба таърихи охири садаи ХХ-и Афғонистон бахшида шуда, муаллиф навиштааст: “Ба хадамоти ҷосусӣ муяссар гашт бо истифода аз дину ҷаҳолати асримиёнагӣ бо такя ба ифротгароён, аввалин гурӯҳҳои зидди давлатро бо ҳам муттаҳид созанд…”. Дар шумораи нашрия ҳамчунин мақолаҳои “Зиндагӣ имтиҳон аст”, “Иқтисоди ҷаҳон ба таҳавулот ниёз дорад”, “Гадоҳои шаҳри мо” пешкаши хонандагон шудаанд.