Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) яке аз ниҳодҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид дар самти мусоидат ба рушди устувори давлатҳо ба шумор меравад. Барнома дар Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолият дошта, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ҳамкории густурда менамояд.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 мусоидат мекунад.
Сафари гурӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма то 24 июн идома меёбад.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






