Сохтмони биноҳои баландошёна бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат меёбад
Қурғонтеппа, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ, соҳаи тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Аз рӯи маълумоти шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонеппа ҳоло дар шаҳр сохтмони 47 адад иншоот, аз ҷумла, 33 ҳонаи истиқоматии аз 4 то 15- ошёна дар кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ, Борбад, Дӯстии халкҳо, Ваҳдат, Н. Ҳувайдуллоев маркази ҷавонон, марказҳои саломатӣ, Беморхонаи касалиҳои қалб дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ, маркази тиҷоратӣ дар кӯчаи С. Айнӣ, Театри мусиқӣ- мазҳакавии вилояти Ҳатлон барои 800 ҷойи нишаст, Кохи фарҳангӣ ва маркази итилоотӣ барои 800 ҷойи нишаст, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1240 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи Маданият ва Д. халқҳо, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа дар кӯчаи А. Сино, маркази тиҷоратӣ дар хиёбони Ваҳдат, бинои телевизион ва радиои мустақили шаҳри Қурғонтеппа ва Бонки «Тоҷпромбонк», «Спитаменкапиталбонк», бинои Сарраёсати омори вилоят дар кӯчаи 1 май ва ду бинои иловагии ДДҚ ба номи Н. Хусрав, ки макони ҷойгиршавии онҳо бо муаллифи нақшаи генералии амалкунандаи шаҳри Қурғонтеппа- ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе мувофика карда шудааст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






