Таэквондочиёни тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаи таэквондо WTF ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, вале аз роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд. Тавре аз хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаи таэквондо WTF барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 16-17 апрел дар Филиппин баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар сабқати мардон Алишер Гулов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 килограмм ҷойи севумро гирифт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Кияо Сен аз Чин ғолиб шуд. Руслан Жапаров аз Қазоқистон мақоми дувумро аз они худ кард.
Дар сабқати занон Моҳрӯ Ҳалимова дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 килограмм севум шуд ва медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн Сорн Сивмей аз Камбоҷа ғолиб шуд. Алора Кисти аз Филиппин мақоми дувумро гирифт. Ду варзишгари дигари тоҷик Фарҳод Неъматов (-80 кг) ва Фарзона Раҷабова (-49 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.
Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар ин намуд аз охирин имконияти худ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Рио-2016 маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар ин ришта ду нафар – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов намояндагӣ карда буданд.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






