Таъйини ҷазо барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлати дигар
Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Исматов Қурбон Аюбович аз рӯи моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 40, эзоҳи 1 (суиқасди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.
Қ.А.Исматов барои он айбдор гардид, ки моҳи декабри соли 2015 дар барномаи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-и радиои интернетии «Зелло» бо Абу-Шуҳайб ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба худ тахаллуси «Абу-Зубейр»-ро гирифт ва бо номбаршуда пайваста суҳбат мекард. Абу-Шуҳайб Қ.А. Исматовро барои шомил гардидан ба гурӯҳи экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» даъват намудааст.
Қ.A. Исматов даъвати Абу-Шуҳайбро қабул намуда, бо ин мақсад 18 феврали соли 2016 тавассути ҳавопаймои хатсайри Маскав-Истанбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ мешавад. Дар ин ҳангом аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 15 апрели соли 2016 Қ.А. Исматов дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол таъйин гардид.
Дар ин хусус аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






