«Тараннуми истиқлол» — дарёфти чеҳраҳои нав
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» -ро роҳандозӣ намуда, моҳи майи соли равон даври ҷамъбастии онро доир мекунад.
Дар ин хусус Ғуломзода Қурбон, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дода, зикр намуд, ки иштирокдорони Фестивал-озмун аз рӯи намудҳои зерин: овозхонӣ (жанрҳои академӣ, мақом, анъанавӣ, эстрадӣ, фалак), навозандагӣ (созҳои миллӣ, аврупоӣ, ансамблҳо, оркестрҳо), композиторони наврас ва рақс (якка, гурӯҳӣ) ҳунарнамоӣ менамоянд.
— Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол» истифодаи фонограмма қатъиян манъ гардидааст,- афзуд Ғуломзода Қурбон.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






