Теъдоди довталабон аз ноҳияи Мурғоб дар ММТ хеле кам аст

Апрель 8, 2016 08:26

Хоруғ 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аз имконоти мавҷуда ва тадбирҳои иловагӣ истифода бурда, кӯшиш мекунанд, ки ягон нафар аз хатмкунандагон аз имтиҳоноти тестӣ дар канор намонад.
Масъули маркази мазкур Мадина Шоҳназарова гуфт, ки имрӯз 60 % иҷрои нақшаи сабти номи довталабон дар марказҳои миллии тестӣ ба иҷро расидааст.Дар ҳудуди кишвар 38 донишгоҳу донишкада ва 23 муассисаи таълимии касбӣ бо зиёда аз 500 ихтисос фаъолият доранд. Ба гуфтаи ӯ, раванди сабти ном дар дигар навоҳӣ бо маром давом дорад.
Дар ноҳияи Мурғоб то ба ҳол аз миёни 191 нафар хатмкунандагон танҳо 50 нафарашон ба нуқтаи бақайдгирии сайёри тестӣ муроҷиат кардаанд.
«Мо кӯшиш мекунем, ки баҳри иҷрои қарори раиси вилоят «Дар бораи тасдиқи таъсиси муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ» ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳиву ташвиқотиро миёни волидону фарзандон бештар намоем»-, илова намуд масъули бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ.

Апрель 8, 2016 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст