Қуръакашӣ ҷуфти бозиҳои нимниҳоиро муайян кард

Апрель 15, 2016 17:00

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қуръакашии бозиҳои нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо, ки навакак дар шаҳри Нийони Швейтсария ба анҷом расид, “Реал”-и Мадрид бо “Манчестер Ситӣ” ва “Атлетико” бо “Бавария” рақиби якдигар интихоб шуданд.
Дастаҳо дар бозии аввал рӯзи 26 ва 27 апрел ба майдон омада, вохӯрии ҷавобиро рӯзи 3 ва 4 май доир мекунанд.
“Манчестер Ситӣ” бори аввал дар таърихи худ ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Дар бозии ¼ -ниҳоӣ ин даста «ПСЖ»-ро дар ду рақобат (2:2, 3:2) мағлуб намуд.
“Реал” дар бозии ниҳоят душвор “Волсфбург”-ро дар майдонаш бо натиҷаи 3:0 шикаст дода, дар сафар бо ҳисоби 0:2 шаҳди бохтро чашид.
“Атлетико” бо бартарии 3:2 дар ҷамъи ду вохӯрӣ “Барселона”-ро шикаст дод ва “Бавария” нисбат ба “Бенфика” (1:0, 2:2) беҳтар буд.

Апрель 15, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид