Вохӯрӣ бо мақсади фаҳмонидани зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар
Хуҷанд, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи меҳнатӣ, устодону муҳассилини донишгоҳ доир ба муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Меҳмонони вохӯрӣ перомуни аҳамият, моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар сухан гуфта, зикр намуданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амали саривақтӣ буда, барои некуаҳволии мардуми кишвар ва амнияти давлат дар ҷомеаи мутамаддин, зиндагии имрӯзу фардои пурсаодат нигаронида шуда, ҷанбаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дорад.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия собит месозанд, ки Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи муҳими рушду тараққиёт қарор дошта, тавассути раъйпурсӣ ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар марҳилаи муҳими ислоҳоти сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷанбаҳои дигари марбут ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






