Вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 27-28 апрели соли 2016 дар шаҳри Пекин Вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид. Бино ба иттилои ВКХ, дар маросими ифтитоҳи вохӯрӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тсзинпин иштирок ва суханронӣ намуда, диққати ҳозиринро ба авлавиятҳои раёсати Чин дар машварат ва зарурати таҳкими нақши ин Созмон дар тақвияти ҳамкорӣ дар қитъаи паҳновари Осиё ҷалб намуд.
Дар вохӯрӣ, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Ван И доир шуд, намояндагони 33 давлати аъзо ва нозири МҲТБО, ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲШ, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ғайра ширкат варзиданд.
Дар суханронии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ мавқеи кишвар доир ба нақши МҲТБО дар таҳкими эътимод ва пешбурди муколамаи шаффоф, беғараз ва мӯътамад байни давлатҳо ва мардумони қитъаи Осиё дар соҳаҳои гуногун баён гардид.
Дар суханронӣ ҳамчунин таъмини суботу амният дар минтақаҳои мухталифи Осиё, мусоидат ба раванди сулҳу субот дар Афғонистон, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни давлатҳои Осиё ва рушди муҳовараи байнитамаддунӣ, ки ба тарғиби таҳаммулгароӣ ва ҳифзи гуногунии фарҳангҳо нигаронида шудааст, аз муҳимтарин ахдофи ҳамкории давлатҳои узви МҲТБО муайян гардидааст.
Вохӯрӣ бо қабули Эъломияи ҷаласаи панҷуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои МҲТБО ба анҷом расид.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






