Ю.Сафаров: Тоҷикистон аз воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулоти семент табдил ёфт
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон аз воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулоти семент табдил ёфт. Ин муваффақияти на танҳо ширкати мо, балки Тоҷикистон аст»,-гуфт муовини аввали директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғаюр» Юсуф Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бояд зикр кард, ки ба наздикӣ дар Душанбе мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Мақсади баргузории чорабинии мазкур таҳкими ҳамкориҳои судманди тиҷорати байни ду кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дарёфти шарикон буд.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, дар доираи мулоқоте, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони олмонӣ доштанд, таҷриба ва лоиҳаҳои сармоягузории ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
«Дар вохӯрӣ мо якчанд лоиҳаҳои худро пешниҳод намудем. Тавре маълум аст, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст ва он имкониятҳое, ки қонунгузории ҶТ барои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод намудааст, нисбат ба дигар давлатҳо пешқадамтар аст ва натиҷаи онро дар фаъолияти ширкати мо дидан мумкин аст»,-илова намуд Юсуф Сафаров.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғаюр» яке аз ширкатҳоест, ки мақсади он таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар бахшҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
«Алҳол ҶДММ «Ғаюр» се лоиҳаи калони сармоягузориро дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст, ки маблағи сармояи он беш аз 250 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба наздикӣ яке аз лоиҳаҳои калони ширкати «Ғаюр» дар вилояти Суғд амалӣ гардид, ки он бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ дар ин вилоят ба шумор меравад. Як лоиҳаи дигар ҳоло тайёр буда, ба наздикӣ амалӣ мегардад. Он лоиҳаи сохтмонӣ буда, пас аз ба истифода додан ба истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ машғул хоҳад шуд. Ин лоиҳа дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон амалӣ хоҳад гашт. Корхонаҳое, ки ширкати мо таъсис медиҳанд, асосан маҳсулоти аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшавандаро истеҳсол мекунанд. Яъне, маҳсулоти воридотивазкунада мебошанд. Ширкати мо нақша дорад, соли 2017 яке аз лоиҳаҳои калонтарини худро дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара амалӣ намояд. Ин сохтмони корхонаи истеҳсоли семент буда, маҳсулоти он аслан барои содирот тайёр мешавад. Маҳсулоти корхонаи муштараки навтаъсис аслан ба Афғонистон содир мегардад»,-иброз дошт муовини аввали директори генералии ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ғаюр».
Шарикони стратегии ширкати номбурда яке аз калонтарин истеҳсолкунадагони семент дар дунё -ширкати чинии «Хуасин КоЛТД» мебошад.
«Охирон лоиҳаро мо бо ин ширкат дар ноҳияи Б.Ғаффуров амалӣ кардем. Лоиҳае, ки дар Данғара амалӣ мешавад, бо ҷалби сармояи ҳамин ширкат роҳандозӣ мегардад. Таваҷҷӯҳи мо нисбат ба сармоягузорони кишварҳои Аврупо сол то сол зиёд шуда истодааст. Зеро таҷрибаи ширкатҳои кишварҳои Аврупо нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо технологияҳои нав, балки маркетинг ва менеҷменти муосирро дар корхонаҳо истифода менамоянд. Аз ҳамин ҷиҳат фаъолияти он корхонаҳо хуб аст. Мо низ ин таҷрибаҳоро бояд истифода намоем»,-гуфт муовини аввали директори генералии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ғаюр» Юсуф Сафаров .
Лайло Қосимова








Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид






