25 май- Иди касбии кормандони мақомоти «Тоҷикстандарт»
Душанбе,25.052016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Ду сол муқаддам, аниқтараш соли 2014 вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 25 май дар кишвар Рӯзи кормандони мақомоти «Тоҷикстандарт» таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана шаҳодатест аз муҳимияти мақомоти «Тоҷикстандарт» дар таъмини амнияти озуқавории кишвар. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти «Тоҷикстандарт» ҳамчун як ниҳоди калидӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти миллии кишвар нақши муассир гузоштааст. Пайдоиши соҳаи стандартизатсия таърихи куҳан дошта, бори нахуст дар Чин ва Мисри қадим зуҳур намудааст. Таърихи пайдоиш ва ташаккули стандартизатсия ва метрологияи тоҷик ҳанӯз аз давраи вусъатёбии давлати Сомониён дар асрҳои в IX-X сарчашма мегирад, зеро яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт.
Дар давраҳои мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926 баъди ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри Душанбе ташкил намудани шуъбаи муваққатии санҷишгузаронии метрологии палатаи ченаку вазн» таъсис дода шуд.
Аз октябри соли 1929 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин маротиба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — палатаи ченаку вазн ташкил ёфт. То солҳои 90-ум ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия фаъолият мекард. Имрӯз Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти милиии танзимкунандаи стандартизатсия ва метрология бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд дошта, аъзои созмони байналмилалии стандартизатсия, узви Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия , метрология ва сертификатсия, аъзои созмони байналмилалӣ оид ба стандартизатсия ва узви чандин созмонҳои дигари байналмилалист.













Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






