28 май- иди марзбонони тоҷик
Душанбе, 28. 05.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 май аз таъсиси кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии /КДАМ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол сипарӣ гардид. Барои дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт бо ибтикори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ чорабинии бошукӯҳи идона ташкил карда шудааст, ки дар он дар радифи иштироки ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунун кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарону намояндагони дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба табрики марзбонон омадаанд.
Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и кишвар Муҳаммад Улуғхоҷаев, ба ифтихори 22-юмин солгарди таъсиси қӯшунҳои сарҳадӣ дар «Боғи Ирам» деҳкадаи наздисарҳадӣ ташкил карда шудааст, ки дар он тавассути барномаю намоишномаҳои ҷолиби ҳарбӣ — фарҳангӣ ҳаёти марзбонон, ҷасорату мардонагӣ ва содиқ будани онҳо дар ҳифзи марзу буми кишвар таҷассум ёфтааст. Инчунин аз ҷониби овозхонҳо ва мусиқачиёни гурӯҳи тарона ва рақси «Марзбон»-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ барномаи идонаи консертӣ намоиш дода шуд, ки он ба иди марзбонон шукӯҳи тоза зам намуд.
Бояд тазаккур дод, ки нақши ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и кишвар дар тақвияти пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тамомияти арзии кишвар аз ҳар гуна неруҳои бадхоҳ хеле бузург буда, ин ниҳоди қудратии кишвар дар зарфи 22-соли фаъолияти худ дар таъмини амнияту субот, оромӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатии кишвар, ки соли равон аз 25-умин солгарди он истиқбол гирифта мешавад, беназир аст.
Таъсиси қӯшунҳои сарҳадии кишвар дар таърихи 28 майи соли 1994 неъмати бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имрӯз марзбонони тоҷик дар ҳифзи беш аз 4 ҳазор км хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синаи худро сипар намуда, чун гавҳараки чашм онро муҳофизат менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






