29 май иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор мегардад

Май 24, 2016 11:37

Душанбе, 24.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 29 май дар Душанбе иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор мегардад. Дар он масъалаи интихоби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки Раҳмон Озода Эмомалиро  вакилони Маҷлиси шаҳрӣ 14 апрели соли равон  дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе якдилона номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб шуда, 33 нафар аъзо дорад. 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат аз ҷониби Президенти кишвар таъйин карда мешаванд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳмон О.Э. дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон О.Э. дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ  бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба фаъолияти консулӣ такмил дода шуданд.

Саҳми Раҳмон О.Э. дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Май 24, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ