Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар чор моҳ
Гулистон, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар чор моҳи сипаришудаи соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 басо назаррасанд. Дар ин фосила корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳамаи шаклҳои моликият ба маблағи 516 миллиону 731 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта — 136,9 дарсад ё ин ки 139 миллиону 390 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба иттилои Рустами Одизода, сардори хадамоти матбуотии раиси шаҳри Гулистон, дар ин давра аз ҷониби ҳамаи корхонаҳо қадаме ба пеш гузошта шуда, теъдоди коргарон назар ба соли гузашта зиёда аз 200 нафар, музди маош 594 сомонӣ афзудааст.
Дар ин ҷода чун ҳамешагӣ корхонаҳои кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин, КМ «Апрелевка», ҶДММ «Хубон», «Чархи гандум», «Фаровон», «Муҳаммад Наҷот» дар сафи пеш қарор доранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






