Агентии зидди коррупсия нашъаҷаллобонро дастгир намуд
Душанбе, 16.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нашъаҷаллобон боздошт гардиданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, рӯзҳои гузашта кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян намуданд, ки дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Музаффар Азамов бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан калон, бо шаҳрвандон Фарҳод Шарипов ва Муҳиддин Вайсов маслиҳати пешакӣ намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ машғул шаванд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустӯҷӯӣ дар шаҳри Душанбе аз дохили мошини тамғаи «Шевралет Каприз», як борхалтаи полиэтилении кабудранги ба шаҳрвандон М. Азамов, Ф. Шарипов, М. Вайсов ва Н. Алиназаров тааллуқдошта ба миқдори зиёда аз 8650 адад ҳабҳои рангашон кабуди секунҷаи камоншакл бо расми «буқа» ёфта гирифта шуд, ки дар бозори сиёҳ нархи як адад ҳаб 20 доллари амрикоӣ буда, маблағи умумии ин ҳабҳо тахминан маблағи 200 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳабҳои мусодирашуда моддаи психотропии навъи «МДМА» буда, вазни умумии онҳо 1 кг 908 граммро ташкил медиҳад. Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Музаффар Азамов, Фарҳод Шарипов, Муҳиддин Вайсов ва Низомиддин Алиназаров бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






