Ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 16.05.2016 (АМИТ «Ховар»). 14-уми май дар Кохи Ватан-и шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Комиссияи вилоятӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, намояндагони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Бег Қурбонзада, раисон, комиссияҳои шаҳру ноҳиявӣ, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба камбудиҳо дар ҳуҷҷатгузориҳо дар баъзе комиссияҳо, холисонаю воқеъбинона баҳогузорӣ намудани беҳтаринҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин мусобиқа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






