Ҷаласаи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе баргузор мегардад

Май 20, 2016 11:50

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Рӯзҳои 23-24 майи соли равон дар Душанбе ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар назар дошта шудааст, ки вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи мушовараи якҷоя миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД ФР санадҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Зимни сафари ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон як қатор мулоқотҳои сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳангоми мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, одамрабоӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир муносибатҳои судманди мутақобиларо роҳандозӣ кардааст.

Май 20, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд