Ғамхорӣ зоҳир намудан барои насли наврас вазифаи калонсон аст
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла маъракаи хайрия барои кӯдакон баргузор мегарданд.
Чунин чорабинӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва дастгирӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз тарафи бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбари ташкилоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва тараққиёт» ба 15 нафар кӯдакони маъюби имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд кумаки яквақтаина- маводи хӯрокӣ, маводи конселярӣ ва бозичаҳои кӯдакона тақдим карда шуданд.
Намоишномаи театрикунонидашуда чорабинии фарҳангиро рангинтар намуд.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Сипас, бори аввал «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.
Ба бовари гурӯҳе аз соҳибназарон, набояд танҳо бо 1-уми июн иктифо намуд ва аз ин рӯз бояд ба таври ҳамешагӣ таҷлил кард, то ҳамарӯза диққати калонсолонро ба мушкилоти имрӯзаи кӯдакон ҷалб намуд. Ҳадафи дигар- ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намудан ва таъмини зиндагии арзанда барои насли наврас мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






