Ҳамоиши минтақавии намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиё дар Қатар

Май 21, 2016 09:34

Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 май, дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа ҳамоиши минтақавии намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ шурӯъ шуд, ки он то 22 май идома меёбад. Дар ин бора аз хадамоти иттилоотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиш, ки онро Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё мувофиқи дастури Ҳамбастагии олимпӣ ташкил кардаанд, аз кишвари мо котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев иштирок доранд.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои омодагиҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия (5-21 август), Бозиҳои V соҳилии Осиё соли 2016 дар Ветнам (24 сентябр – 3 ноябр), Бозиҳои VI «Бачагони Осиё” соли 2016 дар Якутски Русия (6-16 июл), Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ соли 2017 дар Саппорои Ҷопон ва ниҳоят, Бозиҳои XVIII Осиё соли 2018 дар Индонезия мавриди муҳокима қарор мегирад.

Инчунин дар ин ҳамоиш рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ, ривоҷи ҳамкориҳо миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Шӯрои олимпии Осиё ва кумитаҳои миллии олимпӣ баррасӣ мешаванд.

Май 21, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ