Артиши Ироқ коргоҳи калони истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии ДИ-ро дарёфт кард
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Артиши Ироқ рӯзи душанбе дар тарафи ғарбии Бағдод коргоҳи калонеро оид ба истеҳсоли маводи кимиёвии ҷангӣ дарёфт кард. Бино ба иттилои агентии иттилоотии мисрӣ «MENA», коргоҳе, ки ба ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мансубият дорад, дар музофоти Анбор дар километри 4-уми шимолу ғарбии шаҳри Хит пайдо карда шудааст.
Дар дохили он, аз ҷумла, таҷҳизот барои коркарди маводи кимиёвӣ, анборҳои нигоҳдории ашёи хоме, ки дар истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ барои миномётҳои вазнин ва тақрибан 250 тир барои онҳо истифода карда мешаванд ва инчунин халтаҳои пур аз дастгоҳҳои тарканда, хлор ва дигар маводи кимиёвӣ дарёфт гардиданд. Илова бар ин, феҳристи номҳои коргароне, ки ба истеҳсолот машғул буданд, пайдо карда шуд.
Чанде пеш дар ВАО иттилое мунташир гардид, ки 11-уми март ДИ шаҳри Тазаи Ироқро бо тирҳои артиллерии гази халдардор (иприт) мавриди ҳамла қарор додааст. Дар натиҷа наздики 800 нафар барои гирифтани кумак ба шифохонаи маҳаллӣ муроҷиат кардаанд. Ҳафт нафари онҳо дар ҳолати вазнин ба Ироқ фиристода шуданд. Ҳамчунин як ҳафта пас аз ҳамла духтараки сесолае аз таъсири гази халдар ҳалок гардид.
Рӯзҳои охир маълумоте нашр гардид, ки дар қисмати шимоли Ироқ ҷангиён якчанд маротиба лавозимоти ҷангии дорои маводи кимиёвӣ истифода кардаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






