Ҷавонон: Ҳамеша дар бари Пешвои миллат якдил, яктан ва ба мисли ӯ сарсупурдаи ин миллату ин давлат мешавем
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонони фаъоли кишвар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Гулафзо Пирова-хонандаи синфи 10- и мактаб — гимназияи давлатии ноҳияи Бохтар, гирандаи стипендияи президентӣ, ки иштирокчии фаъоли ин чорабинӣ буд, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки: «Пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ ва ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос менамоям. Имрӯз Пешвои миллат бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, тарбия намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯро яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумориданд. Ба гуфтаҳои Пешвои миллат, мо, ҷавонон омӯхтани касб, аз худ кардани технологияи муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сайқал додани донишро вазифаи муқаддаси худ мешуморем».
Олими ҷавон, доктори илмҳои филологӣ Ҳалимҷон Азизов таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар шараф ва ифтихор шуморид. «Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, роҳбарияти кишвар дар амалӣ сохтани ҳадафҳои муҳими стратегии худ ба онҳо такя менамоянд. Онҳо умеду муттако ва фардои ояндасози ватан ҳастанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ва таваҷҷуҳи хос дар сатҳи ҳукумат қабул кардани барномаҳои гуногун барои дастгирии ҷавононро ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои масус медиҳанд, ки ин боиси ифтихор аст. Дар шароити пуртазоди муосир як ларзиш метавонад суботро халалдор карда, эътидолро аз байн барад. Мо, ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат фаъолият намоем»,-илова намуд олими ҷавон.
Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр намуд, ки: «Бе муболиға шаҳди озодиву ободӣ, ваҳдату истиқлолият ва зиндагии шоиставу созандаро аз ҳама зиёд сокинони Бадахшон, махсусан ҷавонони ин минтақа чашидаанд». Аз фурсат истифода бурда, Сураҷ Чоршанбиев арзу сипос ва минатдории самимии ҷавонони хуштолеи Бадахшонро иброз намуда, ваъда дод, ки ҳамеша дар бари Пешвои миллат якдил, яктан ва ба мисли ӯ сарсупурдаи ин миллату ин давлат мешавем.
Таъсиси Шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.
Мавҷуда Анварӣ








Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд






