Ҳавопаймоҳои Русия ба шаҳри Дейр аз-Зори Сурия беш аз 36 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ирсол намуданд

Май 24, 2016 11:50

Душанбе, 24.05.2016 / АМИТ «Ховар» /.  Ҳавопаймоҳои низомии Русия  ба шаҳри тасарруфшудаи  Дейр аз-Зори Сурия беш аз 36 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ирсол намуданд,- иттилоъ дод «INTERFAX.RU».
«Ба  шаҳри аз ҷониби ҷангиёни  ба ном  «Давлати исломӣ» тасарруфшудаи  Дейр аз-Зори Сурия  ҳавопаймоҳои Русия бо истифода аз платформаҳои парашют 36,2 тонна маводи ғизоии аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастрасшуда ирсол намуданд», — гуфта мешавад  рӯзи душанбе дар варақаи  сомонаи Вазорати мудофиаи ФР.

Май 24, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш