Бӯстон: Мулоқот бо занону духтарони хонашин
Душанбе,18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мазҳака ва драмаи русии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бӯстон бо ҷалби зиёда аз 250 нафар занону духтарони хонашин ва занони пешоҳанги шаҳр мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода раванди пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюлҳои бегонапарстӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеаро натиҷаи маърифати пасти шаҳрвандон унвон дода, занону духтаронро барои ҷилавгирӣ аз ин омилҳо ҳамчун бахшандаи нуру зиёи хонадон даъват намуд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон полковник Ҳотамҷон Дадобойзода оид ба дастгирии ибтикороти созандаи занону духтарон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ибрози назар намуда, нақши онҳоро дар раванди пойдории оилаҳо муфид арзёбӣ намуд. Номбурда дар баробари ин афзудани сатҳи ҷинояткорӣ байни занону духтаронро омили нигаронкунанда тавзеҳ дода, барои ҷилавгирӣ аз ин омилҳо пешниҳодоти мушаххаси худро баён дошт.
Занони хонашин ва фаъолзанҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузории чунин мулоқотро дар амри пешгирии омилҳои номатлуб миёни занону духтарон ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ байни онҳо муфид арзёбӣ намуданд.