«Барои рушди босуботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик овоз додам»
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «То соати 9-00 и 22 май наздики 613 нафар сокинон дар участкаи раъйпурсии №16 воқеъ дар гиназияи №74- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукрона аз фазои орому осудаи кишвар дар чорабинии муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд», мегӯяд Зулфия Иномова, раиси участкаи мазкур.
Ба иттилои котиби ин участкаи раъйпурсӣ, дар участка 2044 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 29 нафари онҳо бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок доранд. Ҳамчунин дар ин участка 29 нафар 18-сола, 11 нафар маъюб, 66 нафар русзабон, 3 нафар дар хизмати ҳарбӣ, 23 нафар муҳоҷир ва 31 нафари аз 70- сола боло ба қайд гирифта шудаанд. Барои нафарони маъюбу бемор қуттии сайёр омода карда шудааст.
Ҳоло теъдоди зиёди сокинон вориди участка гардида истодаанд ва тавре ба назар мерасад, сокинон барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ хело фаъол ҳастанд.
Чила Вафодороваи 18-сола, сокини кӯчаи Деҳотӣ 23/6, ки бори аввал овоз медиҳад, мегӯяд: «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, ман барои рушди босуботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик овози худро додам».
Ба гуфтаи мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Туркманистон Амангелдӣ Гандимов, котиби Комиссияи марказии интихобот, Атадурдӣ Сахатлиев, сармутахассиси дастгоҳи Комиссияи интихоботи Туркманистон ва намояндаи Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салават Мухаметов то ин соат дар ин участка ягон қонунвайронкунӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Хотиррасон мекунем, ки овоздиҳӣ мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардид ва участкаҳои раъйпурсӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20-и шом баста мешаванд.











Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






