Баррасии дурнамои иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург

Май 20, 2016 11:55

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ«Ховар»/. «Ҷониби Тоҷикистон  иқддоми муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ҷонибдорӣ намуда, боварӣ дорем, ки тавсияҳои дар шаҳри Санкт -Петербург ба дастомада барои тақвияти равобити тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон мусоидат намоянд», гуфт Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё» дар шаҳри  соҳили  Неваи Русия.
Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз мо шоҳидем, ки дунёи ҷаҳонишаванда ба хатароти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-  таҳдидҳои дорои хусусияти экологӣ, башардӯстона ва террористӣ рӯ ба рӯ шудааст. Танҳо тавассути ҳамгироӣ ва тақвияти талошҳои муштарак кишварҳои мо метавонанд бо ин падидаҳои номатлуби муосир   муқобила кунанд.
Шукурҷон Зуҳуров ба дахли   масоили ҳамкории  минтақавӣ зикр намуда, гуфт, ки  фаъолияти феълии равандҳои ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё мисли прагматизми иқтисодӣ, иштироки довталабона, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва иттиҳодияҳои шаффофи ҳамгироӣ, бешубҳа, ба имконоти ҳамроҳшавии кишварҳои дӯст ба Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои иқтисодии АвруОсиё мусоидат менамоянд.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки  ҳамоиши  байналмилалӣ ба  талошҳои муштарак барои ба роҳ мондани асосноккунии устувори равандҳо, ки асосҳои таълимоти иқтисодии дар фазои пасошӯравии иттиҳодияҳои ҳамгироӣ созмонёфтаро муайян менамояд, тавсеа мебахшад. Инчунин барои ҷалби бештари кишварҳои ҳамсуде, ки ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ ва ғояҳои ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди иқтисодӣ дар маҷмӯъ шомил нестанд, мусоидат намуда, самти оянда ва фаъолияти самарабахши Комиссияи иқтисодии АвруОсиёро ҳамчун мақоми идоракунандаи фаъолияти мунтазами Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ муайян мекунанд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи ҳамгироии минтақавӣ метавонад танҳо манфиатҳои иқтисодӣ бошад, аммо барои он, ки ин мақсад дар ҳалли амалӣ шакл гирад, бояд дар радифи фаъолияти институтҳои алоҳидаи иқтисодӣ, инчунин заминаи қонунгузории дар доираи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қабулгардида фаъол бошад. Дар ин росто, нақши Ассамблеяи байнипарлумонии ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё, ҳамчун институти байнипарлумонӣ ва санҷиши равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ ниҳоят калон аст. Аз ин рӯ,  он барои фаъолияти гурӯҳҳои ҳамгироии минтақавӣ оид ба ташаккули устувори механизмҳои мутаҳаррики ҳамгироӣ бо роҳи таъсиси долонҳои  нақлиётӣ, энергетикӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ, ҳамчунин мувофиқгардонӣ ва муттаҳидии қонунгузории кишварҳои мо зарур аст,- таъкид кард дар анҷом Ш. Зуҳуров.

Май 20, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ