Баррасии раъйпурсии умумихалқӣ дар ВКХ Тоҷикистон

Май 20, 2016 10:07

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ Владимир Гаркун 19 май дар Душанбе мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкории  Тоҷикистону ИДМ — ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.
С. Аслов ба ҳайати мушоҳидон аз ИДМ барои ташриф ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар ҳошияи ИДМ — ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Май 20, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд