«Барселона» маротибаи 28-ум барандаи Ҷоми Испания шуд
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи Севиляи Испания баъд аз дарёфти Ҷоми Лигаи Аврупо имкони соҳиб шудан ба як ҷоизаи пурнуфузи дигарро дошт, вале ин дафъа ҳарифи шогирдони Унеи Эмери на тими Ливерпул, балки қаҳрамони феълии Ла — Лигаи кишвар — Барселона буд.Қувваозмоӣ басе шадид сурат гирифт ва давоми 90 дақиқа ҳеҷ кадоме аз дастаҳо ба задани гол муваффақ нашуданд. Танҳо дар 30 дақиқаи вақти иловагӣ муҳофизатгари дастаи футболи «Барселона» Жорди Алба тавонист ҳисобро кушояд. Дар лаҳзаҳои охири вақти иловашуда Неймар голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи «Севиля» намуд ва каталониҳо бо ҳисоби 2: 0 дастболо гаштанд.
Рақобати финалӣ дар варзишгоҳи «Висенте Калдерон»-и шаҳри Мадрид баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, «Барселона» маротибаи 28-ум барандаи Ҷоми Испания гардид. Дар мавсими кунунӣ шогирдони Луис Энрики Чемпиони Испания гашта, Ҷоми кишварашонро низ ба даст оварданд.
Дастаи «Севиля» дар тӯли фаъолияти хеш панҷ маротиба барандаи Ҷоми Испания гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






