Боздиди Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ аз корпоратсияи «Баракат»-и Ҳисор

Май 26, 2016 11:48

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз корпоратсияи «Баракат»-и шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Дар ин сафар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайхро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси корпоратсияи «Баракат» Билол Алимардонов ба меҳмонон иттилоъ дод, ки заминҳои корпоратсия аз 500 гектар иборат буда, дар  11 гектари он ангур, 48 гектар себ, 43 гектар боғи нави гелос парвариш мешавад.
Соли гузашта корпоратсияи мазкур 15 ҳазор тонна ангур ба Русия, Чин, Афғонистон ва Покистон содирот намудааст.
Меҳмонон аз хоҷагии асппарварии ин корпоратсия низ дидан намуданд.

Май 26, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд