Боздошти 165 тонна нурии минералӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд»
Душанбе, 10.052016/АМИТ «Ховар/. Дар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» гумрукчиёни тоҷик зимни чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаш воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан»-ро боздошт карданд. Ҳангоми азназаргузаронии бордонҳои мошинҳо ва санҷиши ҳуҷҷатҳои воридотии онҳо муайян гардид, ки дар дохили бордонҳои мошинҳо нурии минералии навъи «Селитра» ба миқдори 3300 халта ба вазни умумии 165 тонна бе ҳуҷҷатҳои воридотӣ вуҷуд дорад. Пас аз пурсиши ронандагон муайян гардид, ки соҳибони нурии минералии навъи «Селитра» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳо ин миқдор нуриии минералиро аз шахсони номаълум аз вилояти Суғд бидуни ҳуҷҷати воридотӣ харидорӣ намудаанд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба ин ҳолат парвандаи маъмурӣ боз карда шуда, 165 тонна нурии минералӣ барои нигоҳдорӣ ба анбори Раёсати молиявию хоҷагидории Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






