Чораҳои муштараки ВКД Тоҷикистону Русия вобаста ба задухӯрд дар қабристони Хованский

Май 16, 2016 13:48

Душанбе, 16.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавриди ҳодисаҳои задухӯрди гурӯҳи ҷинояткорон дар қабристони Хованскии Внуковои шаҳри Маскав бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев ду маротиба гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Ҳангоми гуфтугӯ масъалаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оид ба ҷинояткорон ва дидани чораҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон баррасӣ гардид.
Барои пурра ва воқеъбинона бурдани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия генерал-майори милитсия А.Азизов ва Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия В.Колоколтсев ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав шомил карда шуданд.
Ҷонибҳо ҳангоми суҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки то дастгир намудани ҷинояткорон ҳамкории тарафайн дар ин ҷода идома ёбанд.
Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз ҳамкории тарафайн изҳори минатдорӣ намуданд.

Май 16, 2016 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд