Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ карданд

Май 13, 2016 10:47

Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэниел Розенблумро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе Элизабет Миллард иштирок намуд.

Май 13, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш