Дар Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи юнону румӣ оғоз ёфт
Душанбе, 11.05.16. /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Душанбе миёни наврасон мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда, дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки варзиш таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқҳо ва пеш аз ҳама, кафили саломатист.
Қобили зикр аст, ки муҳорибаи гӯштини тарзи юнонию румӣ таърихи қадимӣ дошта, имрӯзҳо ин намуди варзиш миёни варзишгарони ҷавону наврас маҳбубияти зиёд пайдо мекунад.
Мусобиқа ду рӯз идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






