Дар Душанбе V-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Нигоҳи нав» барпо мегардад
Душанбе,16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз 16 то 20 майи соли равон V-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Нигоҳи нав» баргузор мегардад. Дар ҷашнвора аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон 2 , аз Қирғизистон 1 ва аз Тоҷикистон 4 театр намоишномаҳои омоданамудаашонро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Далери Имомалӣ, роҳбари бадеии V-умин Ҷашнвораи байналмилалиии театрии «Нигоҳи нав» зикр намуд, ки ин намоишномаи театрӣ тӯли 4 сол ба тариқи Фестивал-озмун гузаронида шуд. Имсол ба муносибати 5 -солагии баргузоршавӣ он дар шакли Фестивал барпо мегардад ва ҳадафи асосии он дарёфти коргардону ҳунармандони боистеъдод, сабку усулҳои нави театрӣ буда, дар намоишномаҳои он ҳунармандони то 35- сола нақш меофаранд.
Далери Имомалӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз ҷониби ҳунармандони қазоқ намоишномаҳои «Палата», «Шоҳ Лир», ҳунармандони қирғиз «Берушдӣ», Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом «Суди девонагон», Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов «Ҷеғи бунафш» ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода «Журналист» манзури тамошобинон мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки имрӯз маросими кушодашавии V-умин Ҷашнвораи байналмилалиии театрии «Нигоҳи нав» оғоз гардида, коргардонону ҳунармандони варзидаи театрҳои номбаршуда истифодаи шаклу усулҳои нави театриро ба санъаткорони ҷавон меомӯзанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






