Дар Хуҷанд 14 нафар собиқадорони ҶДҶ қадрдонӣ гардиданд
Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад Бозоралӣ Одиназода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷангро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба 5 нафари онҳо: Мамадхон Эшонов, Ашӯр Комилов, Аҳрулло Саидов, Маликаброр Шарипов ва Сотим Мирзоалиев кумакҳои яквақтаи пулии Сарвари давлатро супорид. Дар Хуҷанд ҳоло 14 нафар собиқадорони ҶДҶ зиндагӣ менамоянд.
Бозоралӣ Одиназода бо намояндагони шаҳри Хуҷанд барои расонидани кумак ба дигар собиқадорони ҷанг, ки дар вохӯрии мазкур иштирок карда натавонистанд, ба аёдати онҳо ба манзили истиқоматиашон рафтанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ба ҳар як иштирокдори ҷанг дар баробари туҳфаи пулии Сарвари давлат 1000 сомонӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва 500 сомонӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд кумакпулии яквақта ва маводи ғизоӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






