Дар Хуҷанд Рӯзҳои ҷавонон оғоз гардиданд
Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Аз ҷумла, ба муносибати 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳафтаи «Поси хотир» ва дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Суғд таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» нишастҳои пуршукӯҳ ва хотирмон баргузор гардиданд.
Дар яке аз онҳо иштирокдорони ҷанг — Мамадхон Эшонов ва Қориҷон Ахмедов бо гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси шаҳр, ҷавонони фаъол ва сарбозони қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз зиндагӣ ва корнамоиҳои худ дар набардҳои мудҳиши ҷанг нақл намуда, ҷавононро ба меҳнатдӯстию ватандӯстӣ, ки меҳвари асосии зиндагии шоиставу арзандаи инсонанд, даъват намуданд.
Мӯъминҷон Орипов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Комилҷон Содиқов, раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд, Муқимҷон Қобилов, раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳр низ таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд дар вазъияти ташвишовари ҷаҳони имрӯза ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш намоянд, ки ба омӯзиши касбу ҳунар машғул шаванд ва ба қадри оромиву ободии Ватан расида, онро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд.
Ҳунарнамоии хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27 -и шаҳр дар қироати шеър ва намоиши саҳначаҳо дар мавзӯи дӯст доштани Ватан — Тоҷикистони азиз ба ҷамъомад шукӯҳи тоза бахшид.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






