Дар натиҷаи омадани сел модару писар ҳалок гаштанд
Душанбе, 10.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир боронҳои шадид ва фаромадани сел ба баъзе минтақаҳои кишвар хисороти ҷониву моддӣ расониданд.
9 май дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел фаромада, сокини 41 солаи деҳа ва писари 17- солаи вай ҳалок гаштанд.
Бино ба маълумоти кумита ҳангоми рух додани ҳодиса модару писар дар болои кӯҳ чорвои худро мечаронидаанд.
Дар натиҷаи боришот чорводорони маҳаллӣ низ зарар дидаанд.
Наҷотдиҳандагони Ситоди КҲФ ва МГ дар вилояти Сугд дар ҷараёни корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ ҷасади ҷавони ҳалокгашта ва модарашро дарёфт намуданд.
Худи ҳамон рӯз дар деҳаҳои Шӯрча ва Кӯктоши ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи боридани борони сел ярч фаромада, як қатор манзилҳои истиқомативу корхонаҳо, 2 км роҳи мошингард, 2 кӯпрук ва 60 гектар заминҳои киштро хароб сохт.
Дар айни замон барои расонидани кумак ба аҳолӣ ба ноҳия роҳбарони КҲФ ва МГ омада, Комиссия оид ба барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулода таъсис ва ситодҳо ташкил шудаанд.
Масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ мешавад.
КҲФ аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки зимни гузаштан аз ноҳияҳое, ки фаромадани ярчу санг имкон дорад, ҳушёр бошанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






