Дар Панҷакент барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд
Душанбе, 18.05.16./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент корҳои барқарорсозии иншооти хоҷагии халқ, ки аз селобҳои рӯзҳои 9, 10 ва 11 май хисороти зиёд дида буданд, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, оилаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Дашти Қозӣ, Шӯрча ва дигар деҳоти Панҷакент ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хӯрокӣ ва маводи аввалияи рӯзгор таъмин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба оилаҳои зарардида қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардид. Мутахасисони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд тибқи дастури раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Панҷакент сафарбар шудаанд. Алҳол мутахассисон дар ҷои воқеъа қарор дошта, корҳои лоиҳакашии манзилҳои истиқоматиро барои оилаҳои зарардида оғоз намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






