Дар Рашт Рӯзи оиларо бо маҳфили фарҳангӣ таҷлил намуданд
Рашт, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чойхонаи Болои об бахшида ба Рӯзи оила бо иштироки зиёда аз 200 нафар чорабинии фарҳангӣ доир намуд. Дар маҳфил 8 тӯйи домодию арӯсиро баргузор намуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шуданд.
Ҳамчунин ба модару падари се навзоди сегоник, 8 хушдомани беҳтарин, 8 оилаи намунавӣ ва се оилаи ҷавон туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Дар маҳфил барномаи консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия ба иштироккунандагон пешкаш гардид.